Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ташхису табобати бемории дил дастгоҳи нав ворид гардид, ки ангиоҷет ном дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Вазифаи асосии дастгоҳ аз он иборат аст, ки бе буриши бадани бемор, бе истифода аз беҳискунии умумӣ тавассути сӯрох намудани раги хунгард ба мавзеи басташудаи шараён рафта мерасад. Сипас, ба атрофи хунҳои лахташуда таҳти фишори ниҳоят баланд маҳлул фиристода мешавад.
Дар натиҷа хунҳои лахтае, ки шараёнро бастаанд, мулоим шуда, тавассути сӯрохи дигар бо истифода аз фишори манфие, ки ин дастгоҳ доро мебошад, кашида гирифта шуда, дар натиҷа раги хунгард барқарор мешавад.
Дастрас гардидани чунин дастгоҳи муосир бори дигар аз таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ дарак дода, ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳоро боз ҳам осонтар мегардонад.