Имрӯз Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкории судманд дар самти тухмипарварӣ, чорводорӣ, табодули таҷрибаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, воридоти техникаҳои кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ҳамчунин барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус доир ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба равобити дуҷониба изҳори назар карда шуд.