Зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва намояндаи Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзиии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки дар самти ҳифзи муҳити зист мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд, ба мувофиқа расиданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ байни Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) ва Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зисти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Созишномаи ҳамкорӣ дар самти ҳифзи гуногунии агробиологӣ ва захираҳои генетикӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.