Бо мақсади фаровонии маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе пагоҳ, 3 апрел ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ярмаркаҳо маҳсулоти кишоварзии Агентии захираҳои моддии давлатӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо нархи дастрас пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт мегарданд.
Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои «Меҳргон», «Саховат», назди Боғи Куруши Кабир, таваққуфгоҳи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино то 9 апрел идома меёбанд.