Дар толори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расми ифтитоҳи хатсайри нави мустақиму мунтазам аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Қазоқистон-шаҳри Остона баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш роҳбарияти ширкати «Сомон Эйр», Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони корпусҳои дипломатӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ иброз намуд, ки ин рӯйдод барои беҳбуди робитаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон мусоидат менамояд, зеро истифода намудани масири нави ҳавоӣ на фақат сафарҳоро байни шаҳрҳои Душанбе ва Остона осону мувофиқ менамояд, балки барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистону Қазоқистон низ хеле муҳим мебошад. Инчунин хатсайр ба ҷолибтар намудани имиҷи шаҳрҳои Душанбе ва Остона бо назардошти нақши ин шаҳрҳо ҳамчун пойтахтҳои ду давлат ва дарвозаи асосии сайёҳии Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат менамояд.
Ин хатсайр ба рушди соҳаи сайёҳии ду давлат такони ҷиддӣ бахшида, ба афзоиши шумораи сайёҳону ҷаҳонгардон мусоидат менамояд. Зеро тавассути истифодаи хатсайри Душанбе — Остона ва баръакс Остона – Душанбе метавон аз Душанбе ба 11 давлати дунё ва аз Остона ба 25 кишвари ҷаҳон парвоз анҷом дод.
Бояд гуфт, ки нахустин парвоз аз Душанбе ба Остона 2 апрел иҷро гардид ва тавре интизор меравад, парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешаванд. Аз 19 апрел шумораи парвозҳо аз Душанбе ба Остона то ду парвоз дар як ҳафта — рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа зиёд мешавад.
Парвозҳо дар ин масир тариқи ҳавопаймоҳои бароҳати Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд.