Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” тибқи муқаррароти Низомнома аз 10 то 25 июни соли 2024 дар ВМКБ — шаҳри Хоруғ, вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд, вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор, ноҳияи Рашт) бо доварии ҳайати ҳакамони ҷумҳуриявӣ бо муваффақият ҷамъбаст гардид.
Даври дуюми озмун ба тариқи зайл баргузор гардид:
аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз 330 нафар 82 нафар;
— аз вилояти Хатлон аз 896 нафар 136 нафар;
— аз вилояти Суғд 763 нафар 115 нафар;
— аз шаҳри Душанбе 348 нафар 115 нафар;
— аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 350 нафар 77 нафар роҳхат гирифтанд.
Ҳамагӣ дар даври дуюми озмун 2755 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 525 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.