Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин хусус АМИТ “Ховар” бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Солҳои охир соҳаи саноати вилоят тамоюли мусбии рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш бомаротиб зиёд таъмин мешавад.
Тибқи нақшаи пешбинишуда, давоми солҳои 2022-2026 бояд 92 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо 1378 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шавад.
Бояд таъкид намуд, ки танҳо дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 24 корхона бо 213 ҷои корӣ ба истифода дода шуд.