Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи ҷудо варзишгари тоҷик Темур Раҳимов (вазни + 100 кг) дар даври нимниҳоӣ аз Тедди Ринери фаронсавӣ мағлуб шуд ва рақобатро барои медали биринҷӣ идома медиҳад.

Темур дар даври аввал озод буд ва дар марҳилаи дуюм бар Эрик Абрамови олмонӣ ва дар даври сеюм бар Алишер Юсупови узбекистонӣ ғолиб омад.

Дар сабқат барои медали биринҷӣ варзишгари тоҷик муқобили Анди Гранда аз Куба рақобат менамояд.

АМИТ «Ховар»