Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа 6 август дар вохӯрии якуми вазирони энергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки таҳти раёсати вазири энергетикаи Қазоқистон Алмасадам Сакталиев дар шаҳри Остона баргузор гардид, иштирок намуд. 

Дар вохӯрӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иброз дошт, ки бо мақсади пурзӯр намудани эътимоднокии кори низоми энергетикии минтақа дар марҳилаи кунунӣ лоиҳаи «Азнавпайвастшавии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» амалӣ мешавад. Дар доираи он аввали моҳи июни имсол низоми энергетикии қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст гардид.

Дар мулоқот даъват шуд, ки ҳамкорӣ барои васеъ кардани имконияти савдои захираҳои энергетикӣ, инчунин ба роҳ мондани рушди бахши камкарбон, ноил шудан ба бетарафии карбон ва гузариши марҳилавии энергетикӣ тақвият дода шавад.

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқот роҳбарони ниҳодҳои энергетикии Осиёи Марказӣ созишнома ба имзо расониданд, ки ба ҳамкории минбаъдаи муваффақона дар тамоми самтҳои калидӣ байни давлатҳо замина мегузорад.

АМИТ «Ховар»