9 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остона иштирок намуд. 

Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Осиёи Марказӣ масъалаҳои марбут ба тақвияти иртиботи сиёсӣ ва рушду таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту рушди инфрасохтор, технология ва коммуникатсия бо таваҷҷуҳ ба зарфияти иқтисоди «сабз», инчунин равобити фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин оид ба рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақа табодули афкори судманд намуданд.

Вазирони корҳои хориҷӣ лоиҳаи рӯзнома ва номгӯйи ниҳоии ҳуҷҷатҳои вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро мувофиқа намуданд.

АМИТ «Ховар»