8 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо директори Институти ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии моликияти зеҳнии Федератсияи Русия Владимир Лопатин вохӯрӣ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, Қобилҷон Хушвахтзода доир ба рушди дурнамои ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии мамлакатҳои хориҷӣ ибрози андеша намуд.

Таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ ҳамкориро бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии Федератсияи Русия дар шароити муосир рушду густариш додааст. Инчунин дар доираи ин ҳамкорӣ мо омода ҳастем, ки дар оянда ҳамкориро бо Институти ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии моликияти зеҳнии Федератсияи Русия тақвият бахшида, натиҷаҳои арзишмандро дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD ба даст орем.

Мақсад аз ҳамкорӣ дар ин самт рушди моликияти зеҳнӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди инноватсия ва содагардонии низоми моликияти зеҳнӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»