4 варзишгари муваффақи тоҷик барои медали тиллои нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ рақобат мекунанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз ҷумла, варзишгарони тоҷик Шоҳида Қаландарова дар вазни 70кг байни занон, Муллораҷаб Халифаев дар вазни 65кг байни мардон, Шакармамад Мирмамадов дар вазни +95кг байни мардон ва Масъуди Аҳмадзод дар вазни 71кг байни мардон ба даври ниҳоии чемпионат баромада, барои медали тилло рақобат менамоянд.
Дар даври ниҳоӣ варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов бо Муҳсин Ҳисомиддинов аз Узбекистон, Масъуди Аҳмадзод бо Дилшод Бӯриев ва Муллораҷаб Халифаев бо Абрек Нагучев қувва меозмоянд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ оғоз гардида, то 31 август идома меёбад.
Дар чемпионат зиёда аз 200 варзишгар аз 63 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд. Паҳлавонон дар 9 вазн — 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон бо ҳам рақобат мекунанд.
Фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллари ИМА аст. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибони ҷойи якум 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари ИМА тақдим мешавад.
Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро мегиранд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллари ИМА сарфароз гардонида мешаванд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»