Дар шаҳри Душанбе ба муносибати 30-солагии фаъолияти FLEX (Барномаи табодул барои мактаббачагон) бо ташаббуси Шурои амрикоӣ ва дастгирии сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Барномаи FLEX имконият фароҳам меорад, ки мактаббачагони болаёқат ва илмдӯсти тоҷик давоми як соли хониш дар оилаи амрикоӣ зиндагӣ ва дар мактаби миёнаи амрикоӣ таҳсил кунанд.

Давоми 30 соли амалӣ гардидани барномаи мазкур беш аз 30 ҳазор хонандаи мактабҳои миёна аз тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ба Амрико сафар карда, дар оилаи муқаррарии амрикоӣ зиндагӣ ва дар мактаби миёна таҳсил карданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1994 то ин ҷониб дар доираи барномаи FLEX беш аз 1 ҳазор хонандаи мактабҳои миёна ба забономӯзӣ фаро гирифта шуданд.

АМИТ «Ховар»