Июл давоми тамоми таърихи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ дар Ҷопон гармтарин моҳ гардид. Ҳазорон нафар аз таъсири гармии шадид дар беморхона бистарӣ шуданд. Дар ин хусус «БелТА» бо истинод ба Euronews иттилоъ додааст.

Гармии ғайримуқаррарӣ дар Ҷопон паст намешавад. Тибқи иттилои расмӣ, моҳи июл бар асари таъсири баланди гармӣ дар Токио беш аз 120 нафар ҳалок гардид. Аксари онҳо одамони аз 60-сола боло мебошанд. Июл дар кишвар гармтарин моҳе давоми таърихи мушоҳидаҳо гардид, ки аз соли 1898 инҷониб сабт мешаванд. Ҳарорат аз ҳисоби миёна 2,16 дараҷа баланд буд.
37 000 япониҳо ба ёрии тиббӣ ниёз доштанд.
Рӯзи сешанбе, 6 август дар Токио ва қисмати ғарбии Ҷопон дар робита ба ҳавои гарм огоҳӣ дода шуд. Дар маркази пойтахт ҳарорати ҳаво тақрибан ба +34 расид.
“Ман ҳис мекунам, ки мавсими гармӣ ҳар сол дарозтар мешавад”, шикоят мекунад сокини Киото. — Ман тамоми рӯз, ҳатто вақте ки мехобам, кондитсионерро фаъол мегузорам. Кӯшиш мекунам, ки берун набароям”.
Бино ба маълумоти хадамоти обуҳавошиносии маҳаллӣ, моҳи август гармӣ паст намешавад, баръакс, баланд мешавад.
Мақомоти тандурустӣ ва обуҳавошиносони Ҷопон ба сокинон ва сайёҳон тавсия медиҳанд, ки дар хона бимонанд, об ва моеъи зиёд нӯшанд ва аз ҳавосардкунакҳо истифода баранд.

АМИТ «Ховар»