Донишҷӯи курси дуюми факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зоир Насруллоев барандаи ҷоизаи «Беҳтарин донишҷӯи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-2023» дар бахши илм ва инноватсия гардида, бо дипломи дараҷаи I, шаҳодатнома ва медали сарисинагии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ» мукофотонида шуд. 

Озмуни байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуда, донишҷӯи тоҷик дар он ғолиб омад. Озмуни байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои муайян намудани беҳтарин донишҷӯ байни донишгоҳҳои олии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯи бахшҳои илм, инноватсия ва дигар самтҳо баргузор гардид.

Зоир Насруллоев хатмкардаи Литсейи давлатии «Нурбахш»-и шаҳри Норак буда, дар давраи таҳсил дар литсей гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стипендияи Раиси шаҳри Норак, стипендияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ғолиби чанд озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ буд.Соли 2022 ӯ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, ҳоло дар курси 2-юм таҳсил дорад.

Зоир Насруллоев имсол дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, дар даври ниҳоии он соҳиби мақоми ифтихорӣ шуд. Вай дар баробари таҳсил дар Идораи барномаи «Субҳ»-и Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ фаъолият дорад.

АМИТ «Ховар»