Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ва ширкатҳои гуногун ҳар гуна таблиғот (рекламаҳо) вобаста ба таъмини ҷойи кор дар давлатҳои хориҷӣ, бахусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Британияи Кабир зиёд гардидаанд.
Тавре дар маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин таблиғот (рекламаҳо) ягон асоси воқеӣ надошта, асосан барои мардумфиребӣ ва бо роҳҳои қаллобӣ аз худ намудани маблағҳои пулии шаҳрвандон истифода шуда, дорои пайомадҳои манфӣ, инчунин боиси ба шаҳрвандон расонидани зарари молу мулкӣ ба миқдори калон мегарданд.
Аз ин рӯ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғоти беасос оид ба таъмини ҷойи кор дар хориҷи мамлакат нашаванд ва худро зери хатар нагузоранд.
АМИТ «Ховар»