Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои муассисаҳои илмӣ-таълимиии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 40 лоиҳаи илмию таҳқиқотиро маблағгузорӣ намудааст.
Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 7 адад зиёд мебошад.
Роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди мамлакат ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятро муҳайё намудаанд. Барои рушди илми ватанӣ, хосса, илми тиб ва ташаккули заминаҳои нави кашфиёти илмӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, то таҳқиқу пажуҳиши илмии олимон ба истеҳсолот ворид гардида, натиҷаҳои самаранок диҳанд.
Дар нуҳмоҳаи соли равон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои якчанд муассисаи табобатию пешгирии ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 162 миллиону 358 ҳазору 128 сомонӣ таҷҳизот ва асбоби тиббӣ (дастгоҳи рентгении рақамӣ, мебел ва молҳои тиббӣ- катҳои функсионалӣ бо матрас, таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, дору, монитори назди кати бемор, таҷҳизоти ташхиси фаросавтӣ ва сайёр, мизи ҷарроҳӣ ва ғайра) дастрас карда шуданд.
АМИТ «Ховар»