Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ дар шаҳри Хоруғ by admin / 16 августа, 2023 No Comments Хабар 17 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суман”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо рафти истеҳсолот шинос гардиданд. Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияи муосири соҳавӣ ба истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ ва ороишӣ машғул аст. Ҷамъият имконият дорад, ки дар як рӯз то 80 метри мураббаъ ва дар як моҳ то 2400 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол ва пешниҳоди харидорон намояд. Дар корхона муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ аз ширкатҳои маъруфи Ҷумҳурии Мардумии Чин насб гардидааст. Дар ҳоле ки, корҳои ободониву созандагӣ дар мамлакат авҷ мегирад, талабот ба ин номгӯи маҳсулот дар ҳудуди вилоят ва ҳам дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд аст. Кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Бадахшон манбаи асосии таъмини ашёи хоми корхонаи мазкур буда, мавриди истифода қарор додани он ба рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ муосидат менамояд. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суман” коркарди 8 намуди санги “Гранит”, 2 намуди санги “Сланес”, 2 навъи “Офикалсит” ва 3 намуди санги “Мармар” ба роҳ монда шудааст. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суман” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Эдӣ Фироғатов бунёд гардида, дар он 70 нафар сокини маҳаллӣ, ки нозукии кор бо дастгоҳҳои корхонаро омӯхтаанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд. Корхона дар ҳудуди Минтақаи саноатии шаҳри Хоруғ дар масоҳати 1,5 гектар замин бунёд шудааст. Ифтитоҳи корхона идомаи татбиқи “Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” буда, дар марҳилаи нави рушди шаҳри Хоруғ ба фаъолият оғоз намудани он ба баланд гардидани иқтидори истеҳсолӣ мусоидат намуд. Ҳамчунин ба хотири рушд додани истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дар Минтақаи саноатии “Тем”-и шаҳри Хоруғ аз ҷониби дигар соҳибкорону сармоягузорон бунёди боз 4 корхонаи дигар ба нақша гирифта шудааст. Маҳсулоти корхона дар дохили биноҳо, зебу оро додани роҳраву кӯча ва девори биноҳо истифода бурда мешавад. Ҳамчунин корхонаи навтаъсис барои пештоқи тирезаҳо ва болои миз низ аз сангҳои табиӣ бо намои зебо маҳсулот омода менамояд. Бояд қайд кард, ки то ба фаъолият оғоз намудани корхонаи мазкур ин намуди маҳсулот асосан аз хориҷи кишвар ворид мешуд. Акнун масъулони корхона ният доранд, ки на танҳо маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол намоянд, балки дар оянда содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд. Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузории чунин соҳибкорони ватандӯсту ободкори маҳаллиро дар рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ намунаи ибрату қобили дастгирӣ хонда, барои равнақ додани фаъолияти корӣ дар оянда ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилоят дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи 75,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар ҳудуди вилоят феълан 88 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, корҳо дар самти таъсиси корхонаҳои саноати нассоҷӣ, металлургияи рангаву сиёҳ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва мошинсозӣ идома дорад. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят сохтмону ба истифодадиҳии 92 корхонаи дигари саноатӣ бо 1440 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шудааст, ки ин нақша низ давра ба давра бо дастгирии Ҳукумати мамлакат амалӣ гашта истодааст. Аллакай дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 6 корхонаи нав ба фаъолият оғоз намуда, ин нишондод то анҷоми соли ҷорӣ ба 29 адад расонида мешавад. Айни замон дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти ташкили корхонаҳо бо технологияи муосир, таъсиси паркҳои инноватсиониву технологӣ, марказҳои коркарди иттилоот ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои кории нав ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзишҳои баланди иловашуда, дар ҳудуди вилоят чораандешиҳо идома дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошташуда, аз ҷумла зиёд намудани теъдоди корхонаҳои саноатӣ, мавриди коркарди пурра қарор додани ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба масъулин дастуру супоришҳои махсус доданд. Post Views: 161 Мубодила: