Хонае, ки дар он китоб нест, чун танест, ки дар он ҷон нест.
Ситсерон
Китобҳо олами махсус, озода ва накӯе мебошанд, ки дар он имкони хушбахтона зистани мо вуҷуд дорад.
Волтер
Тамоми зиндагии инсоният дар китобҳо дарҷ шудааст: қабилаҳо, халқҳо, кишварҳо нест шуданд, вале китоб боқӣ монд.
А.И. Гертсен
Китобро дӯст доред, китоб ҳаёти шуморо сабук мегардонад, барои пайдо кардани сари фикру андеша ва ҳодисаҳои сарбаста дӯстона кӯмак мекунад, ба шумо эҳтиром кардани инсон ва худи шуморо меомӯзонад, ақлу дили шуморо бо ҳисси муҳаббат ба олам ва инсоният пару бол мебахшад.
М. Горкий
Илму фан набвад, агар набвад китоб, Ҷаҳл бигрезад, чу пайдо шуд китоб.
Маҳмуди Тарзӣ
Китоб аст оинаи рӯзгор,
Ки бинӣ дар он розҳо ошкор.
Чунин ҳамнишин гар ба даст оварӣ,
Нашояд, ки бигзорию бигзарӣ.
Бадеъуззамон Фурӯзонфар
Мутолиа инсонро доно, суҳбатёбанда ва одати қайд кар- да навиштани ҳодисаҳо дақиқкор мекунад.
Ф. Бэкон
Дӯст доштани мутолиа лаҳзаҳои ғамгиниро, ки дар ҳаёт ногузиранд, ба лаҳзаҳои лаззати бузург иваз мекунад.
Монтеске
Одамон аз фикр кардан мемонанд, чун мутолиа накунанд.
Д. Дидро
Нафаҳмида мутолиа кардан, баробар бо мутолиа накардан аст.
Я. Каминский
Мутолиа барои фикрронӣ, ҳамчунонест, ки тарбияи ҷисмонӣ барои бадан.
Д. Эдисон