Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзуи «Фалсафаи Носири Хусрав ва масъалаҳои ҳувияти миллӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Таъкид гардид, ки Носири Хусрав яке аз номдортарин шахсияте аст, ки бо ашъори ватандӯстона ва меҳнатдӯстиву ақлу хирад маъруфияти хосса пайдо намудааст.

Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Нақши шахсияти Носири Хусрав дар таҳкими ваҳдати миллӣ», «Назаре ба афкори ҳуқуқӣ ва сиёсии Носири Хусрави Қубодиёнӣ», «Тавсифи донишу хирад дар ашъори Носири Хусрав» ва «Шарҳи масоили забоншиносӣ дар осори Носири Хусрав» маърузаҳо пешниҳод гардиданд. Иброз шуд, ки миллати тоҷик аз қадим дар ҳама марҳилаҳои сарнавиштсоз бо неруи ақлонӣ, дониш, маърифат, руҳи шикастнопазир ва иродаи устувор барои анҷом додани корҳои бузург саҳм гузошта, дар роҳи хираду маърифат ва бунёди кохи илму адаб корҳои оламгирро ба анҷом расонидааст.

Аз 166 мавзуи девони ашъори Носири Хусрав 77 мавзуъ ба ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва гиромидошти асолати миллии мо бахшида шудааст. Фалсафаи ҳувияти миллӣ дар ашъори Носири Хусрав ба монанди уқёнуси беканор густурдаву паҳновар аст. Ӯ идомадиҳандаи андешаву афкори гузаштагони пурифтихори мо, бахусус Рӯдакӣ, Абушакури Балхӣ, Фирдавсӣ ва дигарон буд.

Муҳимтарин осори фалсафии Носири Хусрав «Зод-ул-мусофирин», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Хон-ул-ихвон», «Кушоиш ва раҳоиш», «Ваҷҳи дин», «Далел-ул-мутаҳаййирин», «Сафарнома», «Рӯшноинома», «Саодатнома» ва осори манзумаш мебошанд, ки ғояи осору таълифоти адибро хислатҳои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ- фарқ кардани дӯст аз душман, дар дӯстӣ бовафо будан, эҳсон кардан, некӯхоҳ ва роҳатрасон будан, тамаъ ва хорӣ накардан дар бар гирифтааст.

Бо омӯзишу баррасии нукоти волову мондагори орифони илму адаби ниёгон дар замири ҳар фарди ҷомеа ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллиро тарбия карда, таҳкиму тақвият мебахшем. Зеро аз таҷрибаи давлатдорӣ собит гардидааст, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар фарди он маҳз ба худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ вобастагии зич дорад.

АМИТ «Ховар»