Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони «Маориф-ҳамчун омили муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус» оғоз шуд.
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ хабар доданд, ректори Донишгоҳи техникӣ Қудрат Давлатзода дар форум дар мавзуи «Табдилдиҳии рақамии таҳсилот: мушкилот ва имконият барои донишгоҳи замонавӣ» маъруза менамояд.
Дар кори форум намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ва роҳбарони сохторҳои илмию таълимии ду давлат иштирок доранд. Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия байни Тоҷикистон ва Беларус дар самти иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, масоили марбут ба мубодилаи омӯзгорон ва донишҷӯён, доир намудани конфронсҳои илмӣ, иштирок дар кори шуроҳо оид ба ҳимояи диссертатсияҳо, ташкили равандҳои омӯзиши мутақобил, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварии баррасишавандаи форум ба ҳисоб мераванд.
Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус ду рӯз дар ду бахш идома ёфта, баимзорасонии созишномаҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.
АМИТ «Ховар»