17 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 7-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ҳозиринро барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват намуд.
Зимни нишаст Сироҷиддин Муҳриддин изҳор намуд, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар ҳолати андешидани тадбирҳои зарурӣ дар раванди табдилдиҳӣ ба созмони байналмилалӣ бобати мубориза бо хатарҳои муҳити зудтағйирёбандаи байналмилалӣ муассиртар хоҳад шуд.
Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро барои иштироки фаъол дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба мавзуи ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар Душанбе доир мегардад, даъват намуд
АМИТ «Ховар»