Дар соли 2024 ду китоби як нависандаи забардасти тоҷик, ҳамзамон рӯзноманигору тарҷумон Маҷид салим дастраси хонандагон гардид.

Китоби нахуст «Бешаи палангон — мавзеи сайёҳӣ» ном гирифта, хонандаро доир ба табиати зебои нахустин мамнуъгоҳи Тоҷикистон, ки имрӯз ба мавзеи сайёҳӣ табдил гаштааст ошно месозад.

Китоби мазкур соли 2024 аз сӯи нашриёти давлатии «Адиб» чоп гардида, фарогири 162 саҳифа мебошад.

Китоби дигари нависанда, рӯзноманигор ва тарҷумони бомаҳорати тоҷик Маҷид Салим «Китобномаи шарҳиҳолӣ» буда, маҷмуаи мақолаҳои олимону адибон ва осорномаву адабиёти марбут ба зиндагиномаю фаъолияти илмию эҷодии нависандаро дар бар мегирад.

Маҷмуаи номбурда соли 2024 дар нашриёти «Меҳроҷ-граф» чоп шуда, аз пешгуфтор, 2 қисм ва кумакфеҳристҳо иборат мебошад.

Бояд гуфт, ки Маҷид Салим номзади илмҳои филологӣ буда, то ин дам ба унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

ДИЛШОД АЛСАМАДОВ 

хабарнигори ТВ «Илм ва табиат»