Дар сайёраи Замин ҳарорати глобалӣ дар сатҳи рекордӣ боқӣ мемонад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба маълумоти Хадамоти аврупоии иқлимии Copernicus иттилоъ додааст. Феврали соли равон сарфи назар аз таъсири сардкунандаи падидаи иқлимии Ла Нина сеюмин моҳи гармтарин дар таърихи тамоми мушоҳидаҳо гардид.

Дар баробари ин яхи баҳрӣ ба ҳадди камтарини таърихӣ расид ва давоми таърихи мушоҳидаҳои моҳвораӣ, ки аз соли 1978 инҷониб бурда мешаванд, қаблан ягон маротиба майдони он ин қадар хурд набудааст. Ҳарорати махсусан баланд дар ноҳияҳои шимолӣ сабт гардида, дар баъзе ҷойҳо дуршавӣ аз сатҳи миёнаи солҳои 1990-2020 6-7 дараҷаро ташкил дод. Гармшавии уқёнусҳо инчунин ба коҳиши қабати ях мусоидат менамояд.

Ба иттилои муовини директори Copernicus Саманта Бёрҷесс, моҳи феврали соли 2025 силсилаи ҳарорати рекордии ду соли охир мушоҳидашударо идома дод.

«Ду соли гармтарин дар таърих — солҳои 2023 ва 2024 мебошанд ва соли 2025 ин тамоюлро идома медиҳад. Моҳи январи соли равон дар таърихи тамоми мушоҳидаҳо гармтарин буд ва моҳи феврал аз рӯи ҳарорати ҳаво дар ҷои сеюм қарор гирифт. Ҳарорати миёна аз сатҳи пешазсаноатӣ 1,59°С баландтар буд, ки аз меъёри глобалии 1,5°С-и давлатҳои ҷаҳон зиёдтар аст. Давоми 20 моҳи охир дар 19 моҳи он ҳарорат аз ин нишона гузаштааст»,-иброз медоранд коршиносони Copernicus. Коҳиш додани яхи баҳр таъсири иловагии гармкунӣ ба вуҷуд меорад, зеро ях афканишоти офтобиро инъикос менамояд ва сатҳи кушодаи об гармиро ба худ гирифта, гармшавии глобалиро афзоиш медиҳад. Олимон изҳор медоранд, ки ҳарорати ба таври ғайримуқаррарӣ баланди ду соли охир аз таъсири пешбининамудаи партовҳои антропогении газҳои гулхонаӣ зиёдтар аст. Тибқи баъзе ҳисобҳо, гармшавии мушоҳидашуда дар солҳои 2023-2024 назар ба ҳарорати пешбинишуда ду маротиба зиёдтар аст.

Яке аз шарҳҳои эҳтимолии ин ҷаҳиш, ки дар байни олимон баррасӣ мешавад, коҳиши партовҳои зарраҳои аэрозолӣ дар киштигардӣ баъди амалӣ шудани қоидаҳои сахттари экологӣ дар соли 2020 мебошад. Ин зарраҳо қаблан афканишоти офтобиро инъикос мекарданд ва коҳиши онҳо метавонад боиси афзоиши ҳаҷми гармие, ки дар атмосфера нигоҳ дошта шудааст, гардад.

Коршиносон аз суръат гирифтани гармшавии глобалӣ изҳори нигаронии ҷиддӣ намуда, омӯзиши сабабҳои афзоиши ғайримуқаррарии ҳароратро идома медиҳанд.

Майдони яхҳои баҳрӣ дар рӯи Замин ба ҳадди камтарини таърихӣ расидааст

Олимон хабар додаанд, ки миқдори яхҳои баҳрӣ дар рӯи Замин то ҳадди рекордӣ коҳиш ёфтааст. Онҳо майдони яхро дар ҳарду қутб ҳисоб намуда, муайян кардаанд, ки он ҳамагӣ 15,76 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб ба Арктика 13,64 миллион километр ва ба Антарктика 2,12 миллион километр рост меояд.

Тавре АЗЕРТАҶ иттилоъ медиҳад, ин таҳқиқот ба маълумоти ҳисобкунакҳои радифӣ, ки микромавҷҳои сатҳи яхро инъикос менамоянд, асос ёфтааст. Олимон чунин мешуморанд, ки кам шудани майдони ях ба гармшавии ҳаво ва об вобаста аст.

Давоми сол яхҳои баҳр зиёд ва кам мешаванд. Дар Антарктида масоҳати он моҳи феврал камтар ва моҳи сентябр зиёдтарин мешавад. Дар Арктика яхи баҳр одатан дар моҳи март ба авҷи худ мерасад. Дар айни замон майдони он назар ба моҳҳои сентябр ва октябр калонтар аст, аммо бо назардошти мавсим хеле хурд ба назар мерасад. Антарктида тобистони имсол аз шамолҳое, ки яхҳоро нобуд менамуданд, низ сахт зарар дидааст. Ин аз он сабаб рух медиҳад, ки он ба мисли Арктика дар хушкӣ воситаи муҳофизатӣ надорад.

Олимони Хадамоти тағйирёбии иқлими Copernicus соли 2024-ро гармтарин сол дар таърих эътироф намуданд. Моҳи январи соли 2025 низ гармтарин моҳ давоми тамоми мушоҳидаҳо буд, ки ҳарорати миёна дар ҷаҳон ба 13,23 дараҷа расидааст.

Яхи баҳрӣ барои иқлими сайёра хеле муҳим аст, зеро он нурҳои офтобиро дубора дар кайҳон инъикос менамояд. Он инчунин тавассути намудҳои қутбӣ, ба монанди пингвинҳо, тулумҳо ва хирсҳои сафед зарур аст. Набудани ях боиси фишори сахт дар ширхӯрони баҳрӣ мегардад, ки ин ба фаъолияти ҳаётан муҳим ва қобилияти афзоишёбии онҳо таъсири манфӣ мерасонад, хабар медиҳад Маркази миллии маълумот оид ба барф ва яхи ИМА.

Қаблан маълум шуд, ки дар Антарктида партовҳои бузурги метан ошкор шудаанд. Олимон дар Уқёнуси ҷанубӣ сутунҳои ин газро пайдо намуданд, ки дарозиашон то 700 метр аст. Онҳо шарҳ доданд, ки метани сахт ҳангоми гармшавӣ ба газ табдил меёбад. Он аз об метавонад ба атмосфера ворид шуда, ба иқлим таъсири манфӣ расонад. Метан гази пурқуввати гулхонаӣ мебошад.

Обшавии ях метавонад гардиши пурқувваттарини уқёнусиро коҳиш диҳад

Суръати ҷараёни гардиши қутбии антарктикӣ- аз ҳама пурқувваттарин ҷараёни уқёнусӣ дар сайёра метавонад то соли 2050 аз сабаби обшавии яхҳои антарктикӣ ва ба уқёнус ворид шудани ҳаҷми бузурги обҳои сарди нӯшиданӣ то 20% коҳиш ёбад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ТАСС бо истинод ба таҳқиқоте, ки дар маҷаллаи «Environmental Research Letters» нашр гардид, хабар додааст.

Ин пешгӯӣ аз ҷониби олимони австралиягӣ, ки намудҳои иқлимро барои омӯзиши таъсири тағйирёбии ҳарорат, обшавии ях ва шароити шамол истифода бурдаанд, пешниҳод шудааст.

Ҷараёне, ки дарозиаш қариб 30 ҳазор километр ва паҳноияш то 2,5 ҳазор километр аст, уқёнусҳои Атлантика, Ором ва Ҳиндро мепайвандад ва дар системаи иқлимӣ нақши асосӣ дорад. Он ба уқёнус кумак мерасонад, ки гармӣ ва гази карбонро азхуд намуда, расидани обҳои гарм ба Антарктидаро пешгирӣ кунад. Олимон робитаи мустақими байни ҳаҷми яхҳои обшударо, ки аз тунукобаҳои яхҳои Антарктика меоянд, кашф намудаанд.

Муҳаққиқон ба хулосае омаданд, ки ҷараёнҳои оби тоза зичии обҳои уқёнусро тағйир додаанд, ки ин боиси коҳиши суръати ҷоришавии об гардидааст. Бишаҳдатта Гайен, ҳаммуаллифи пажуҳиш аз Донишгоҳи Мелбурн вазъро хеле «нигаронкунанда» номид.

«Уқёнус низоми ниҳоят мураккаб ва ба таври нозук мутавозин мебошад. Агар ин «муҳаррики уқёнусӣ» аз кор барояд, моро оқибатҳои ҷиддӣ, аз ҷумла тағйирёбии босуръати иқлим, тез-тез ба амал омадани ҳодисаҳои фавқулодаи обу ҳаво дар баъзе минтақаҳо ва гармшавии хеле босуръати глобалӣ аз сабаби кам шудани қобилияти азхудкунии гази карбон дар уқёнусҳо интизор мебошанд», — гуфт Гайен.

Президенти Тоҷикистон аз обшавии босуръати пиряхҳо ва пайомадҳои манфии он ҳушдор дода буданд

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Ҳамин буд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.

«Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад…Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд», — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Ба андешаи коршиносони соҳа, қабул гардидани Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъала такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳоро муҳаққиқон қадами устувор барои суръат бахшидан ба баргузории экспедитсияҳо дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ном мебаранд.

Бояд гуфт, ки тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мегардад. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошанд, зиёда аз як ҳазораш пурра об шуда, суръати обшавии онҳо рӯ ба афзоиш аст.

Ин дар ҳолест, ки бориш ва пиряхҳои Тоҷикистон то 60 фоизи манбаи ташаккулёбии захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.

Зимнан бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 барои рушди ҳамкории тарафҳои манфиатдор заминаи муносиб фароҳам меорад.

Тибқи қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин 21 март шуруъ аз имсол ҳамасола чун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад, ки он имконияти хуб барои муаррифии иқтидори илмӣ ва имконияти бунёдии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мегардад

Ин конфронси байналмилалӣ, ҳамчунин Конфронси дарпешистодаи оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар Душанбе ва идомаи истифодаи платформаи «Раванди оби Душанбе» барои пешбарии масъалаҳои об далели пешсафии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои об дар миқёси ҷаҳон мебошанд.


АМИТ «Ховар»