Ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ дар доираи конфронси байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони 12 давлати ҷаҳон доир гардид, баррасӣ шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар конфронси байналмилалӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон ва намояндаи Барномаи глобалии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ Кустуб Шарма доир ба мавзуи мавриди назар ибрози андеша намуданд.

Муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ маълумот дод. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» қабул гардид.

Барномаи мазкур дар се марҳила -солҳои 2024-2026, соли 2027 ва соли 2028 амалӣ гардида, имконият фароҳам меорад, ки барои ҳифзу нигаҳдории бабри барфӣ- ин ҳайвони нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Тоҷикистон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ минтақаи калидии паҳншавии бабри барфӣ буда, экосистемаҳои кӯҳие, ки дар онҳо ин ҳайвони нодир паҳн гардидааст, ба экосистемаҳои осебпазири сайёра мансуб мебошанд.

Инчунин иштирокдорони конфронси байналмилалӣ оид ба тарзу усулҳои ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ ва объектҳои шикори он пешниҳодҳои судманд намуданд. Ҳамзамон дар конфронси байналмилалӣ нақшаҳои чорабиниҳои миллӣ оид ба ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории минтақавӣ баррасӣ ва муҳокима шуданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ ва фаромарзӣ ва табодули таҷрибаву усулҳои беҳтарини ҳифзи экосистемаҳои баландкӯҳ, намудҳои нодири ҳайвонот ва махсусан бабри барфӣ ба мувофиқа расиданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМИТ «Ховар»