Истиқлолияти давлатии тоҷикон, ки ба мардуми мо дар даҳсолаи охири садаи бистум муяссар гардид, дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти халқамон гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба марҳалаи сифатан нави рушди ҷумҳуриямон оғоз бахшид. Бешубҳа, ин бузургтарин дастоварди миллати куҳанбунёди тоҷик дар тўли асрҳо ва неъмати бебаҳо барои наслҳои ояндаи халқи мост, ки ҷовидона соҳиби давлати миллии хеш хоҳанд буд. Дар натиҷаи пешрафти илм дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо низ тағйироти куллӣ ба вуқўъ пайваст, ки бо дастрасӣ ва истифодаи технологияҳои муосир раванди фаъолияти соҳаҳои мухталиф тадриҷан беҳтар гардида, ҳамчунин, барои таъмини шароити мусоиди корӣ ва зиндагии мардум мусоидат менамоянд. Имрўзҳо дар мамлакат корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамоянд, ки истеҳсолашон ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошанд. Маҳз ба ҳамин хотир ҳукумати мамлакат барои дастгирии ин гуна корхонаҳо тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст. Дар давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ корхонаҳои зиёди саноатӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ рӯз то рӯз, рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст.
Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд. Баъд аз эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, масъалаҳои рушд бахшидани соҳаи саноат зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин аст, ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози фаъолияти корхонаҳои саноатиро рамзи пешрафти иқтисоди миллӣ ва қадамҳои устувор дар самти рушди дарозмуддати мамлакат арзёбӣ намудаанд. Дар соҳаи саноати ҷумҳурӣ барномаҳои зиёди рушд амалӣ гардида истодаанд, ки ҳадафи асосии онҳо ба навсозии корхонаҳои пешину бунёди корхонаҳои нав, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ мебошад.
Корхонаҳои саноатии мамлакат аз рӯи стандартҳои эътирофгардидаи ҷаҳонӣ фаъолияти худро роҳандозӣ намуда, дар баробари истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, истеҳсоли маҳсулоти содиротиро низ ба роҳ мондааст. Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки тавассути таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватаниро ба роҳ монда, ба ин васила Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мамлакати саноативу аграрӣ табдил диҳад.
ОЛИҲАИ МУҲАББАТ
Мудири шуъбаи мухбирони минтақавии
МД ТВ “ИЛМ ВА ТАБИАТ”