13 июл дар шаҳри Лондони Британияи Кабир 65-умин Олимпиадаи байналмилалии «IMO» оғоз гардид, ки то 22 июли соли равон идома меёбад. Дар олимпиадаи мазкур Тоҷикистонро математикони ҷавони аз 14 то 18- солаи тоҷик намояндагӣ мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар олимпиада дастаи шашнафараи наврасони тоҷик, ду рӯз пайи ҳам ду имтиҳон месупоранд. Ҳар як имтиҳон зиёда аз чор соат давом карда, дорои се масъалаи душворест, ки аз ҷониби олимони дунё пешниҳод ва интихоб шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар ин олимпиада Тоҷикистонро хонандагон аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе, Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ дар шаҳри Душанбе ва Филилали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ дар шаҳри Ҳисор муаррифӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи умумиҷаҳонии «IMO» бонуфузтарин сабқати илмӣ аз фанни математика дар ҷаҳон аст, ки ба он 110 мамлакати олам шомил шудааст ва имсол зиёда аз 600 ҷавони болаёқати ҷаҳон дар Донишгоҳи Бати Шоҳигарии Британияи Кабир бо ҳам сабқати илмӣ мекунанд.
Ғолибон бо медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ ва мукофотҳои фахрӣ қадрдонӣ мешаванд.
АМИТ «Ховар» АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон