МУФАССАЛ http://www.president.tj/node/31731
25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагии сокинони ватандӯсти шаҳри Ваҳдат, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хушрӯз” Саъдуллоев Шамсулло ва бародарон Саъдуллоевҳо шинос шуданд.
Аз ҷониби соҳибкорон танҳо дар деҳоти Шаҳдбор 1 километр роҳи мошингард бо паҳноии 8 метр мумфарш карда шуда, бунёди маркази ҳунаромӯзӣ барои занону духтарони шаҳри Ваҳдат идома дорад.
Роҳи мазкур чароғон карда шудааст ва минбаъд барои рафтуомади бемонеи сокинону нақлиёт хизмат мерасонад.
Имрӯз бунёди маркази ҳунаромӯзӣ бо 60 ҷои корӣ оғоз гардида, дар назар аст, ки дар ин ҷо синфхонаи таълими ронандагон, дӯзандагӣ, пазандагӣ, забономӯзӣ ва касбомӯзӣ идома дорад.