Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо мақсади бузургдошти алломаи Шарқ Абуалӣ Ибни Сино озмуни мақолаи беҳтаринро  таҳти унвони «Саҳми Ибни Сино дар ташаккули тибби қадим ва муосир: осори илмӣ, таҷриба ва назария» эълон менамояд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, озмун дар қаламрави Федератсияи Русия ва берун аз он баргузор карда шуда, дар он намояндагони касбу кори гуногун, алоқамандони осори Ибни Сино, табибон, ҳамшираҳои шавқат, ординаторон, донишҷӯёни равияи тиббӣ ва олимону муҳаққиқони соҳаи тиб иштирок карда метавонанд.

Бо мақсади муайян намудани беҳтарин мақолаҳои илмӣ-публисистӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолият, осори эҷодӣ, амалияи фаъолияти тиббӣ, назарияи фалсафӣ ва илмии Ибни Сино дар иртибот ба саҳми арзишманди  Абуалӣ Ибни Сино дар соҳаи тибби ҷаҳонӣ Кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, қабули мақолаҳо то 13 августи соли 2024, соати 18:00 ба вақти Москва тавассути суроғаи электронии tojikon.pressa@list.ru  қабул карда мешаванд.

Мақолаҳои пешниҳодгардида бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли электронӣ бо ҳуруфи Times New Roman Tj,  андозаи ҳуруфи 14,  дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи компютерӣ то 13  августи 2024  қабул карда мешаванд.

Ғолибони озмуни мақолаи беҳтарин муайян карда шуда, аз ҷониби Шурои ҷамъиятӣ бо Диплом, туҳфаҳои пуливу хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

АКС: Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

 

АМИТ «Ховар»