Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду давлат аз ҷумла дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай марҳила ба марҳила рушд менамоянд.
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф Тоҷикистонро яке аз давлатҳои шарики асосии худ дар минтақа арзёбӣ намуда, барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат ва фарҳангию маърифатӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таъкид дошт, ки барои ноил гардидан ба нақшаҳои пешбинишуда байни ҳарду давлат имконияти фаровон мавҷуд аст.
Инчунин, 15 октябр дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангу иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва роҳу нақлиёт аз ҷумлаи муҳимтарин самтҳои ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.
Аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои бузурги роҳсозӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисиони Чин низ ёдоварӣ карда шуд.
АМИТ «Ховар»