Санаи 24-уми июли соли равон Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар нишасти хабарӣ доир намуданд.
Ҳабибулло Назарзода директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Анентӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ба доираи васеи хабарнигорон гузориш дода, таъкид намуданд, ки дар давраи ҳисоботӣ мусофиркашонию боркашонӣ тариқи нақлиёти ҳавоӣ аз фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик тавассути як ширкати ҳавопаймоии ватанӣ ва 12 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ сурат гирифтааст.
Номбурда афзуд, фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар дар давоми соли 2024 ба 1 миллиону 667 ҳазору 900 мусофир хизматрасонӣ намудаанд, аммо ба қавли Ҳабибулло Назарзода директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 ҳазору 800 нафар кам мебошад.
Таъкид гардид, ки аз ин теъдод ба Фурудгоҳи байналмилалии «Душанбе» 1 миллиону 141 ҳазор нафар, ба Фурудгоҳи байналмилалии «Хуҷанд» 391,4 ҳазор нафар, ба Фурудгоҳи байналмилалии «Кӯлоб» 94,8 ҳазор нафар ва ба Фурудгоҳи байналмилалии «Бохтар» 40,7 ҳазор нафар мусофир рост меояд.
Гуфта шуд, ки дар ин раванд КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба 33 ҳазору 379 адад киштии ҳавопаймоӣ хизматрасонӣ кардааст, ки дар муқоиса ба шашмоҳаи қабл 8 133 адад бештар мебошад. Инчунин парвозҳо транзитӣ афзоиш дода шуда, он ба 22 038 адад расонида шудааст, ки ин рақами ғайричашмдошт буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 119 адад бештар мебошад.
КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҷиҳати беҳтар намудани вазъи хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ воситаҳои кӯҳнашудаи аэронавигатсиониро навсозӣ намуда, як қатор таҷҳизотҳои навигатсионӣ, алоқавӣ ва дигар воситаҳои лозимиро харидорӣ намудаву ҳолати кору фаъолият ва хизматрасониро беҳтар намудааст.
Дар идомаи нишасти хабарии ин ниҳод гуфта шуд, ки ҳоло роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти Агентӣ ҳамкориҳоро бо кишварҳои хориҷ ба роҳ монда, беҳтар шудани равуои сокинонро тариқи нақлиёти ҳавоӣ кафолат медиҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон бо 28 кишвари ҷаҳон созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоиро ба имзо расонидаанд. Имзои санадҳои ҳамкорӣ бозгӯи он мебошанд, ки ҳоло фаъолияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон васеътар гардида, самараи некеро низ дар пай хоҳад дошт.
ДИЛШОД АЛСАМАДОВ
хабарнигори ТВ “Илм ва табиат”