25 июл дар қароргоҳи Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон вохӯриҳои дуҷонибаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ — директори глобалӣ оид ба муҳити зист, захираҳои табиӣ ва иқтисоди кабуд Валери Ҳикки, директори глобалӣ оид ба таҷриба дар самти об Сароҷ Кумар Ҷа ва директори минтақавӣ оид ба инфрасохтор барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Чарлз Кормийе баргузор гардид. 

Зимни вохӯриҳо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гаштани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаҳои ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ва сохторҳои намояндагии он дар мамлакат дар самти татбиқи лоиҳаҳои марбут ба пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон, таҳияи Гузориш оид ба иқлим ва рушди кишвар ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷом ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Раиси Кумита намояндагони Бонки ҷаҳониро ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки баргузории он соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.

АМИТ «Ховар»