Бо ташаббуси сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ арзишҳои фарҳангии моддию маънавии тоҷикон паси ҳамдигар ба таври шоиста ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мешаванд.

Имрӯз 12 июли соли 2025 дар Ҷаласаи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж идома дорад, парвандаи «Хуттали Қадим» бо Қарори 47COM 8B.21 расман тасдиқ шуда, ба Феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гашт.

Парвандаи «Хуттали Қадим» фарогири 11 ёдгории таърихӣ фарҳангӣ ва бостоншиносии вилояти Хатлон: Дайри буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри буддоии Хишттеппа мебошад.

Аз номи Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО тамоми мардуми шарифи кишвар ва кулли тоҷикони ҷаҳонро бо ин дастоварди арзишманд, ҳамчун яке аз меваҳои тозарасидаи Истиқлол ва самараи заҳматҳои аҳли илму фарҳанг табрику шодбод мегӯем!

Дилшод Раҳимӣ

https://www.facebook.com/profile.php?id=100009036914343