Баррасии аҳамияти қабули қатъномаи навбатии Тоҷикистон аз ҷониби СММ дар барномаи таҳлилии “Сарват”Дар барнома, коршиносони соҳа, доир ба муҳим ва саривақтӣ будани қабули қатъномаи навбатии Тоҷикистон, аз ҷониби СММ, дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим ва таъсири ин раванд ба захираҳои оби минтақа ва ҷаҳон, ҳамчунин заминаи муҳим гузоштани қатънома ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар ҳалли масоили глобалии обқ иқлим баҳри рушди устувор, изҳори назар менамоянд.Барномаи таҳлилии “Сарват”, имрӯз, 30.04.2025, соатҳои 09:37, 17:37 ва 21:37, дар таҳияи муҳаррири барнома, Манижа Баҳромзода, рӯйи мавҷи Радиои “Ховар”, пешниҳод мегардад.Ёдовар мешавем, ки 25-уми апрели соли 2025, дар иҷлоси 81-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) қатъномаи «Таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи об ва таъғйирёбии иқлим бо мақсади рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором», ки пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бо иттифоқи оро қабул гардид. Тибқи Қатънома, ҷонибҳо аз иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузор намудани Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва нишасти минтақавии тадорукотии Конфронси оби СММ дар соли 2026 истиқбол намуда, аз тамоми кишварҳои узви СММ, ташкилотҳои дахлдори низоми он ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати иштирок дар ҳамоишҳои мазкур даъват карданд.


АМИТ «Ховар»