Зиёда аз 4000 сол ин ҷониб дар тибби халқӣ чун даво маъмул аст. Олимон ва табибони машҳур мумиёро барои табобати дарду шикастагии устухон, иллати пайванду мушак, захми меъдаю рӯдаҳо ва пӯст, дарди гулӯ, баъзе бемориҳои системаи асаб, бемориҳои ҷигар, камхунӣ, инчунин ҳангоми газидани мор ва дигар ҷонварҳо чун подзаҳр истифода мебурданд. Дар Ҳимолой, кӯҳистони Арабистону Эрон ва мамлакатҳои дигар ёфт мешавад.

Таъсир ва қобилияти шифобахшии мумиё ба макроэлементҳо ва микроэлементҳои таркиби он вобаста аст. Тадқиқотҳои кимиёӣ нишон доданд, ки мумиёи тоза 29-30, начандон тоза 21-23 ва ифлос 14-15 хели макро ва микроэлемент дорад. Миқдори моддаҳои органикӣ (то 22 %) ва хусусан нитроген (32-46 %) зиёд мебошад. Омӯзиши фармакологӣ безарар будани мӯмиёро исбот намуда, нишон дод, ки мӯмиёи бо усули махсус тоза кардашуда, барои муолиҷаи захми меъда, захми пӯсту мушакҳо, иллату омоси асабҳо, шикастагии устухон ва ғайра ёрӣ мерасонад.

Аз манбаҳои боз